Муаллиф: Shuhrat Rahmonov
Таркибҳои маъмули сифат + пешоянд дар забони англисӣ
Good at, angry with, pleased about... Истифодаи дурусти ин таркибҳо нутқи шуморо табиӣ мекунад.

Дар забони англисӣ сифатҳо аксар вақт бо пешояндҳои муайян истифода мешаванд. Истифодаи дурусти онҳо гуфтор ва навиштаро табиӣ ва дақиқ мекунад.
Bad at (something) — дар коре суст будан. Good at (something) — дар коре хуб будан. Surprised at (something) — аз чизе ҳайрон шудан.
Pleased about (something) — аз чизе розӣ будан. Pleased with (someone) — аз касе розӣ будан. Angry about (something) — аз чизе хашмгин шудан. Angry with (someone) — аз касе хашмгин шудан.
Disappointed about (something) — аз чизе ноумед шудан. Worried about (something/someone) — аз чизе ё касе нигарон будан. Ин таркибҳоро дар ҷумлаҳои шахсии худ истифода бурда машқ кунед.



